Ru  | Tj
Ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи ақалиятҳо. Мавқеи Тоҷикистон оид ба Афғонистон дар СММ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи ақалиятҳо. Мавқеи Тоҷикистон оид ба Афғонистон дар СММ
Акс: Интернет

Ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи ақалиятҳо. Мавқеи Тоҷикистон оид ба Афғонистон дар СММ

Нашр шуд

Ҷонибеки Ҳикмат намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон оид ба вазъи Афғонистон сухронӣ кард ва як бори дигар бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид намуд.

Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як эъломия хабар медиҳад, ки ба ҷаласаи мазкур дар баробари кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бархе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ даъват шуданд. 

Зимни он гузориши Намояндаи вижаи Дабири кулл, Роҳбари ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс оид ба вазъ дар Афғонистон шунида шуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистонро баён кард ва бар ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он ҳамаи миллатҳои сокин дар Афғонистон саҳм дошта бошанд, таъкид намуд.

Тоҷикистон аз оғози ба сари қудрат омадани Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) ҳамеша таъкид мекунад, ки танҳо ҳукумати фарогир ва ҳамашумул дар Афғонистонро эътироф менамояд. 


Толибон ваъда доданд, ки қарзи нерӯи барқро ба кишваҳои ҳамсоя пардохт мекунанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед