Ru  | Tj
Таъсири вазъи феълии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъсири вазъи феълии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Таъсири вазъи феълии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Раиси Бонки миллӣ ва ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  вазъи феълии молӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, раҳбари ин ниҳод Ҳоким Холиқзода имрӯз дар Душанбе бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти раёсати мудири идорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии ва мудири минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова дидору мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, вазъи кунунии молии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисод ва низоми бонкии Тоҷикистон аз меҳварҳои аслии ин гуфтугӯ будаанд.

Хонум Жужанна Харгитай аз ҳамкории пурсамари БАТР ва Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, ба вазъи молӣ, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон дар давраи буҳронӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. 

Холиқзода дар ин мулоқот  аз мудири идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хостааст, то барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои Аврупо ва давлатҳои минтақаи Шарқ мусоидат намояд.

Харгитай гуфтааст,  ки аз рӯи натиҷаи омӯзиши вазъи феълии минтақа аз ҷониби коршиносони БАТР имконияти ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ баррасӣ карда мешаванд ва онҳо кӯшишҳои худро дар ин самт дучанд мегардонанд.

Вай афзудааст, ки ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди низоми суғурта ва такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ самтҳои авлавияти дурнамои ҳамкории  БАТР ва Тоҷикистон дониста мешаванд.

Бояд гуфт, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд қабл аз ин ҳам ба низоми бонкии Тоҷикистон борҳо кӯмакҳои моливу фаннӣ ироа карда буд.

Бар пояи иттилооти расмӣ, давоми чанд соли охир аз ҷониби ин бонк ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 800 миллион евро сармоягузорӣ карда шудааст.


Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и афғонҳо имкони қонеъ гардонидани ниёзҳои аввалияи худро надоранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед