Ru  | Tj
Таъсиси Мактаби содирот. Ба соҳибкорон барои дарёфти бозорҳои нав кӯмак мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъсиси Мактаби содирот. Ба соҳибкорон барои дарёфти бозорҳои нав кӯмак мекунанд
Акс: Бiзнес-школа МIМ

Таъсиси Мактаби содирот. Ба соҳибкорон барои дарёфти бозорҳои нав кӯмак мекунанд

Нашр шуд

Тоҷикистон дар садади таъсиси Мактаби содирот дар манотиқи кишвар ба манзури пешниҳоди дастгирии иттилоотӣ ва таълимӣ ба содироткунандагони молу маҳсулот аст.

Ба иттилои Агентии содирот, ин матлаб дар мулоқоти Директори Агентии содироти Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина Ирина Тихомирова рӯзи 28-уми октябр баён шудааст. 

Дар ин дидор, тарафҳо ба масоили омӯзиши таҷрибаи байналмилалии густариши содирот, дарёфти бозорҳои нав, боло бурдани малакаи соҳибкорон, мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудаанд. 

Манбаъ меафзояд, таъсиси Мактаби содирот ва омӯзиши таҷрибаи Украина дар ин самт аз меҳварҳои аслии ин мулоқот будааст. 

Таъкид шудааст, ки ҳадаф аз таъсис Мактаби содирот пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва касбӣ ба содиркунандагон тавассути дастгирии методологӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, бастани шартномаҳои содиротӣ, ҳамчунин таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои рушди содирот мебошад. 

Бобозода гуфтааст, ки айни замон Агентии содирот ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалӣ  дар сари ташкили Мактаби содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, кор мебарад.

Қаблан Шавкат Бобозода гуфта буд, ки барои афзун намудани содирот бояд ба се масъала – ҳавасмандсозии содиркунанда, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва содда кардани тартиби фиристодани мол ба хориҷа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзиро коршиносон аз омилҳои муассири рушди иқтисоди кишвар медонанд ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар суханрониҳояш ба ин масъала таваҷҷуҳ намудааст.

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол пеш бо ҳадафи мусоидат ба рушди содирот ва рақобатпазир шудани маҳсулоти ватанӣ дар хориҷ аз кишвар таъсис ёфта буд.

Ин ниҳод моҳи апрели соли равон эълом карда буд, ки бори аввал дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 15-соли охир ҳаҷми содирот аз воридот бештар шудааст. Бояд гуфт, ки то ду соли пеш ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёдтар буд.


Шералӣ Кабир сармоягузорони маҷориро ба таъсиси корхонаҳои муштарак даъват кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед