Ru  | Tj
Таъсиси ширкати нав. “Шумон” мехоҳад сайёҳии дохилиро рушд диҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъсиси ширкати нав. “Шумон” мехоҳад сайёҳии дохилиро рушд диҳад
Акс: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси ширкати нав. “Шумон” мехоҳад сайёҳии дохилиро рушд диҳад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон боз як ширкати нави сайёҳӣ ба номи “Шумон” иҷозатномаи фаъолият гирифт.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ин ширкат дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафаш рушди гардишгарии дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ ва экологӣ мебошад.

Бахтовар Аминзода, роҳбари ин ширкати навтаъсис гуфтааст, ки онҳо мақсад доранд дар оянда бо ширкати ӯзбекии “Самарқанд тревел” ва дигар ширкатҳои сайёҳии минтақа ҳамкориҳои густарда роҳандозӣ намоянд.  

Бояд гуфт, ки айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкат фаъолият доранд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ қаблан аз таъсиси 15 ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷиикстон хабар дода буд. “Шумон” 16-умин ширкатест, ки имсол вориди бозор шуд.

Таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ дар ҳолест, ки дар авохири соли гузашта Кумитаи сайёҳӣ аз коҳиши мизони вуруди сайёҳон ба кишвар хабар дода зикр намуда буд, ки омадани гардишгарон ба кишвар 72,2% коҳиш ёфтааст ва ин бахш ба ҷои 250 миллион ҳамагӣ 72 миллион доллар фоида овардааст.



«Zero Waste». Лоиҳаи ҳамсари Эрдуғон дар Тоҷикистон низ татбиқ мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед