Ru  | Tj
Тасмагамбетов: Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон моҳи ноябр тасвиб мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тасмагамбетов: Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон моҳи ноябр тасвиб мешавад

Тасмагамбетов: Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон моҳи ноябр тасвиб мешавад

Нашр шуд

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад, барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб мерасад.

Дар ин бора Имангали Тасмагамбетов, дабири кулли созмон изҳор дошт.

«Лоиҳаи барнома аллакай дар сатҳи шӯрои Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва кумитаҳои котибони шӯроҳои амнияти СПАД мувофиқа карда шудааст. Масъала ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод мешавад», - гуфт дабири кулли СПАД.

Тасмагамбетов ҳамчунин афзуд, ки ин барнома барои тамоми Осиёи Марказӣ нақши бузург дорад ва тасмими таҳияи он 13 сол пеш қабул шуда буд. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун котибот ҳоло тавонистааст ба як тавофуқи умумӣ бирасанд.

Гуфта мешавад, ки ин барнома чанд марҳила, аз ҷумла мушаххас кардани имконот ва амалӣ кардани иқдомотро дар тамоми хатти сарҳад дарбар мегирад.

Бояд гуфт, қаблан хабар дода шуда буд, ки барномаи байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то охири соли 2024 қабул мешавад.

Қобили зикр аст, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1300 км тул дорад ва 20 сол боз муроқибати ин хатти сарҳад пурра бар души марзбонони Тоҷикистон аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед