Ru  | Tj
Тавлидоти саноатӣ дар Суғд 13,5 дарсад афзудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тавлидоти саноатӣ дар Суғд 13,5 дарсад афзудааст

Тавлидоти саноатӣ дар Суғд 13,5 дарсад афзудааст

Нашр шуд

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 20,3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли гузашта 13,5 дарсад бештар аст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз ҷумла 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани растанӣ, 35196,7 ҳазор қуттии консерваҳои гуногун ва 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра дар вилояти Суғд 1 млн 551,1 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбати соли қаблӣ суръати афзоиш 140 дарсадро ташкил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед