Ru  | Tj
Тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 15 дарсад рушд кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 15 дарсад рушд кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 15 дарсад рушд кардааст

Нашр шуд

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 36 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.

Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол якҷо бо соҳибкорони бахши хусусӣ ба маблағи 36,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад афзудааст.

Дар ин бора хабаргузории «Ховар» бо такя ба Оҷонси омори Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон 3692 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 345 адад, коркард 3175 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад, таъминоти об ва коркарди партовҳо 100 адад фаъолият намудаанд.

Аз ин шумора 32,5% аз шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд, 23,4% ба вилояти Хатлон, 21,5% ба шаҳри Душанбе, 18,9% ба ноҳияҳои тобеи марказ ва 3,7% ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар ин давра ба 20,3 миллиард сомонӣ расида, аз он маҳсулоти ғизоӣ ва тамоку 7,7 миллиард сомонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2,3 миллиард сомонӣ, маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 555,7 миллион сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 46,7 миллион сомонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ 425 миллион сомонӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2,9 миллиард сомонӣ, металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 5,4 миллиард сомониро ташкил дод.

Таъкид мешавад, ки дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятҳои Суғд (56,5%) ва Хатлон (23,4%) афзалият дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед