Ru  | Tj
Тавофуқи Берлин ва Тошканд барои ихроҷи паноҳандагони афғон аз тариқи Узбекистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тавофуқи Берлин ва Тошканд барои ихроҷи паноҳандагони афғон аз тариқи Узбекистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Тавофуқи Берлин ва Тошканд барои ихроҷи паноҳандагони афғон аз тариқи Узбекистон

Нашр шуд

Садри аъзами Олмон дар ҷараёни сафараш ба Тошканд ва дидор бо раисиҷумҳури Узбекистон созишномаи ихроҷи паноҳандагони афғон ба ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дар баробари тасмими Берлин дар бораи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон, ки дархостҳои паноҳандагиашон рад шудааст, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс эълон дошт, ки дар ҷараёни сафараш ба Узбекистон бо раисҷумҳури ин кишвар созишномаи ихроҷи паноҳандагонро имзо кардааст.

Дар ин бора Олаф Шолтс рӯзи 15 сентябр дар нишасти хабарӣ пас аз дидор бо Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд хабар дод.

Бино ба гузориши расонаи олмонии "DPA", Берлин дар ивази ҳамкориҳои Тошканд дар ин замина коргарони ботаҷрибаи узбек, ба хусус дар бахшҳои тандурустиро ба кор ҷалб мекунад.

Гузориш мешавад, ки ин созишнома ҳамчунин раванди бозгашти шаҳрвандони Узбекистонро, ки бидуни иҷозаи иқомат дар Олмон қарор доранд, дар назар дорад.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки масъалаи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон бо кумаки Узбекистон дар ин созишнома ҷой дорад ё на, аммо қабл аз ин расонаҳо аз тавофуқи ду кишвар дар бораи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Олмон ба Узбакистон ва сипас ба Афғонистон хабар дода буданд.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Йоахим Штамп, масъули масоили муҳоҷират дар ҳукумати Олмон гуфт, ки музокироти мустақим бо Толибон* барои ихроҷи бештари муҳоҷирони афғон яке аз гузинаҳои Берлин аст. Вай бо эъломи ин хабар гуфт, ки Олмон ба баргардонидани муҳоҷирони пазируфтанашудаи афғон ба таври ҷиддӣ манфиатдор аст.

Давлати Олмон бо Толибон* равобити расмӣ надорад, аммо Берлин рӯзи 30 август бо миёнҷигарии Қатар барои нахустин бор баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ, 28 нафар афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед