Ru  | Tj
Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми Чин дар иқтисоди Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми Чин дар иқтисоди Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми Чин дар иқтисоди Тоҷикистон

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор дар ин кишвар буда, тайи даҳ соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 1,5 миллиард доллар сармояи мустақим ворид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи сафари давлатии Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо хабаргузории «Синхуа» мусоҳиба анҷом дода, таъкид кардааст, ки дар 10 соли охир ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Пекин ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расид.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамакнун дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин марҳилаи нав оғоз шуда, барои ҳамёрии васеъ уфуқҳои нав боз гардидаанд.

Раҳбари Тоҷикистон дар идомаи мусоҳиба бо қаноатмандӣ таъкид мекунад, ки Чин яке аз се шарики бузурги тиҷоратии кишвараш буда, саҳмаш дар иқтисоди Тоҷикистон 40 дарсадро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина гуфт, ки Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб шуда, давоми даҳ соли охир ба иқтисоди ин кишвар аз Чин ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб шуд, ки 1,5 миллиард доллари он сармояи мустақим аст.

Дар ин росто Раҳмон гуфтааст, ки Чин яке аз се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон буда, тиҷорати тарафайни ду кишвар имрӯз аллакай тақрибан ба 4 миллиард доллар расидааст.

Дар идомаи мусоҳиба зикр мешавад, ки сармоягузориҳои Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, металлургия ва кишоварзии Тоҷикистон пайваста афзоиш меёбанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дар ин бахшҳо беш аз 500 лоиҳа бо иштироки Чин татбиқ шуда, инчунин беш аз 700 корхонаи муштарак бо сармоягузории Чин фаъолият доранд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки  сафари давлатии Си Ҷинпин ба рушду таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар такони нав  хоҳад бахшид.

Бояд гуфт, ки шоми рӯзи 4 июл Сӣ Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Зикр мешавад, ки сафари давлатии Сӣ Ҷинпин дар Тоҷикистон то 6 июл идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои чанд санади нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед