Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тайи 12 моҳи ахир дар Афғонистон 18 расона баста шуд
Нашр шуд
Маркази хабарнигорони Афғонистон мегӯяд, дар 12 моҳи ахир раванди саркӯби озодии расонаҳо шадидтар шуда, нақзи ҳуқуқи расонаҳо ва рӯзноманигорон нисбат ба соли 2023 тақрибан ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com иттилоъ медиҳад.
Дар гузориши солонаи Маркази рӯзноманигорони Афғонистон гуфта мешавад, ки дар соли 2024 ин ниҳод 181 мавриди нақзи ҳуқуқи расонаҳо ва хабарнигоронро сабт кардааст, аз ҷумла 131 мавриди таҳдид ва 50 ҳолатҳои боздошти рӯзноманигорон иттифоқ афтодааст.
Ба гуфтаи маркази рӯзноманигорон, дар миёни афроди боздоштшуда дастикам панҷ нафар аз ду то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуда, феълан адои ҷазо мекунанд.
Ин марказ ҳамчунин афзуд, ки дар соли 2024, дастикам 18 расона мамнуъ ва ё баста шуда, аз ҷумла барои 14 расона то кунун иҷозаи боз шудани онҳо дода нашудааст.
Маркази рӯзноманигорони Афғонистон ишора кардааст, ки Толибон* дар соли 2024 барои расонаҳо дастикам ҳафт дастури нав содир кардаанд.
Ба гуфтаи ин марказ, мамнуияти наворбардорӣ ва мусоҳибаҳои видеоии мақомоти маҳаллии Толибон* бо расонаҳо дар вилояти Қандаҳор оғоз шуда, баъдан ба вилоятҳои дигар паҳн шуд ва то поёни сол дар вилоятҳои Тахор, Бодғис, Ҳилманд ва Нангарҳор расман иҷро шуд.
Бояд гуфт, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон* беш аз нисфи расонаҳо дар Афғонистон баста шуданд ва рӯзноманигорони ҳирфаӣ ҳиҷрат намуданд ва ё кори худро тарк карданд.
Дар ҳоли ҳозир бархе аз расонаҳо дар ғурбат фаъолияти худро идома додаанд. Аммо Толибон* ҳамкорӣ бо ин расонаҳоро мамнуъ ва дастрасӣ ба мундариҷаи онҳоро маҳдуд кардаанд.
Расонаҳое, ки дар Афғонистон дар зери ҳукмронии Толибон* фаъолияташонро идома медиҳанд, ба таври шадид сензура шуда ва бештар фаъолиятҳои ин гуруҳро инъикос мекунанд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед