Ru  | Tj
Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон озмуни сенария эълон менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон озмуни сенария эълон менамояд
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон озмуни сенария эълон менамояд

Нашр шуд

Театри драма ва мазҳакаи ба номи "Пушкин"-и шаҳри Бустон озмуни сенарияҳо эълон намудааст, ки дар он новобаста аз ихтисос шаҳрвандоне, ки ба театр рабт доранд ва ё майл доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Мавзӯи сенарияҳо бояд ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне: коронавирус, терроризм, зуроварӣ дар оила, ифротгарои ва ғ. равона карда шудааст.

Талаботи озмун:

Жанр - драматургия.
Иштирокчиёни озмун бояд аз 18 сола боло бошанд.

Дархост барои иштирок:
- Ному насаб ва номи хонаводагӣ (ФИО);
- санаи таваллуд;
- макони зист;
- суроғаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ;
- зикри таҷрибаи пешинаи таҳияи сенарияҳо (агар бошад);
- синопсис (шарҳи мухтасари сенария).

Қабули ссенарияҳо: аз 1 то 30 ноябр.
Забон: бо тоҷикӣ ва русӣ.
Суроға барои ирсол: teatr-pushkin-buston@mail.ru 

Сенарияҳо аз ҷониби коршиносони иборат аз намояндагони театр ва аз рӯи панҷ меъёр - идея, сюжет, персонаж, муколама ва имкони басаҳнагузорӣ баҳогузорӣ мешаванд.

Ғолибони озмун 4 декабр эълон шуда ссенарияи онҳо руӣ саҳна оварда хоҳад шуд.

Бо телефонҳои зерин маълумоти иловагӣ дарёфт карда метавонед:
(+992) 92 945-4004; 920-0066 ва 929-2245.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед