Ru  | Tj
Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи «Роҳат» дар Душанбе тахриб мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи «Роҳат»  дар Душанбе тахриб мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Театри Лоҳутӣ ва чойхонаи «Роҳат» дар Душанбе тахриб мешаванд

Нашр шуд

Бинои чойхонаи овозадори «Роҳат» ва инчунин театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз байн бурда мешаванд.

Бо тақозои замон агар зарурат пайдо шавад, биноҳои театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чойхонаи овозадори «Роҳат» дар шаҳри Душанбе тахриб карда мешаванд.

Дар ин хусус рӯзи 29 июл зимни нишасти хабарӣ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон иттилоъ дод, навиштааст хабаргузории расмии "Ховар".

Ба гуфтаи Мирзозода, беҳтар аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон биноҳои хуби замонавӣ тарҳрезӣ шавад, то ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд.

«Беҳтар он нест, ки мо бинои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо номи чойхонаи «Роҳат» бунёд созем? Муҳим он аст, ки бренди чойхонаи «Роҳат» гум нашавад, моҳият ва аҳамияти бино бо аз нав сохтани он гум намешавад»,-афзуд Низом Мирзозода.

Бояд гуфт, ки бинои чойхонаи «Роҳат» соли 1958 дар маркази шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Чойхона бо услуби миллӣ сохта шуда, бо нақшу нигор оро дода шудааст. Ба иттилои расонаҳо дар соли 2017 шабакаи телевизионии CNN  "Роҳат"-ро яке аз 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон номид.

Дар баробари ин ёдовар мешавем, ки 26 июл Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба меҳмонхонаи «Вахш» дар пойтахт иттилоъ дод, ки ин меҳмонхона тахриб шуда, ба ҷои он меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мегардад.

Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуд, ки нисбати гузашта 5 дарсад зиёд аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед