Ru  | Tj
Театри Маяковскийи Тоҷикистон намоишномаҳои худро дар шаҳрҳои Русия пешниҳоди бинандагон менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Театри Маяковскийи Тоҷикистон намоишномаҳои худро дар шаҳрҳои Русия пешниҳоди бинандагон менамояд
Акс: Sputnik

Театри Маяковскийи Тоҷикистон намоишномаҳои худро дар шаҳрҳои Русия пешниҳоди бинандагон менамояд

Нашр шуд

Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковскийи Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии театрҳои русӣ иштирок менамояд. 

Директори Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковскийи Тоҷикистон Мунира Дадаева иттилоъ додааст, ки фестивали байналмилалии театрҳои русӣ аз 23-юм то 12-уми ноябр дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Федератсияи Русия баргузор мегардад. 

Гуфта мешавад, ҳунармандони Театри давлатии драмаи русӣ ба ин фестивал намоишномаҳои «Тартюф»-и Ж.Б. Молер ва «Шабе дар театр»-и А.П. Чехов-ро мебарад. 

Ноябри соли гузашта низ Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский дар ҳамин гуна як фестивали театрҳои русӣ ба номи "Сафари бузург"-и (Большие гастроли), ки дар шаҳрҳои Русия баргузор гардид, иштирок карда буд. 

Ҳунармандони тоҷик соли гузашта дар фестивали театрҳои русӣ намоишномаи "Гамлет" -и Вилям Шекспир ва "Тартюф"-и Молерро  пешниҳоди бинандагон намуда буданд. 

Иштироки театри драмавии ба номи "Маяковский" дар фестивали "Сафари бузург" дар Русия



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед