Ru  | Tj
Теъдоди омӯзгорон аз Русия дар макотиби Тоҷикистон бештар мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Теъдоди омӯзгорон аз Русия дар макотиби Тоҷикистон бештар мешавад
Акс: Россотрудничество

Теъдоди омӯзгорон аз Русия дар макотиби Тоҷикистон бештар мешавад

Нашр шуд

Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорони лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” ба таври назаррас бештар шуда, ба 117 нафар расид. Соли гузашта дар доираи ин лоиҳа 73 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон омада буд.

Иштирокдорони лоиҳаи байналмилалии башардӯстонаи Вазорати маорифи Русия - «Муаллими рус дар хориҷа» омодагиҳоро ба соли нави таҳсил оғоз карда, аввалин омӯзгорон баъди таътил ба мактабҳои Тоҷикистон омаданд.

Дар ин бора намояндагии созмони “Россотрудничество” дар Тоҷикистон хабар дод.

Таъкид мешавад, ки самаранокии ин лоиҳа дар Тоҷикистон боиси зиёд шудани дархости мактабҳои миёна барои фиристодани омӯзгорон аз Русия шудааст.
 
Ҳамин тариқ, дар соли нави таҳсил 117 нафар омӯзгорон аз Русия дар мактабҳои Тоҷикистон ба хонандагон забони русӣ ва дигар фанҳоро бо забони русӣ тадрис хоҳанд кард. Аз ин 62 нафар муаллимони рус бори аввал ба Тоҷикистон омаданд.

Лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» 27 мактаби миёна дар 13 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро фаро мегирад.

«Иштирокчиёни лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» дар баробари фаъолияти мустақими омӯзгорӣ, дар мактабҳо лоиҳаҳои таълимии иловагиро амалӣ месозанд, ба мактаббачагон роҳнамоии касбӣ медиҳанд ва ба олимпиадаҳо омода мешаванд. Ғайр аз ин, онҳо ҳамроҳи омӯзгорони тоҷик дар соҳаи педагогика тадқиқот бурда, дар таҳияи роҳнамои таълимӣ иштирок мекунанд. Ин кори бузургест, ки ба наздиктар шудани низоми маорифи ду ҷониб мусоидат мекунад”, - гуфт Сергей Малишев, роҳбари Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маорифи Русия.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар он татбиқи лоиҳаи башардӯстонаи «Муаллими рус дар хориҷа» оғоз гардид. Дар соли хониши 2019-2020 бо даъвати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нахустин 48 омӯзгор аз Русия дар ин кишвар ба тадрис шурӯъ карданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед