Ru  | Tj
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Анкара ба панҷ нафар расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Анкара ба панҷ нафар расид
Акс: аз манбаъҳои боз

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Анкара ба панҷ нафар расид

Нашр шуд

Давлати Туркия мегӯяд, ки дар посух ба ин ҳамла артиши ин кишвар шаби 24 октябр ба манотиқи марбут ба Ҳизби коргари Курдистон дар Ироқ ва Сурия зарба задааст.

Дар ҳамлаи террористӣ дар Анқара 5 нафар кушта ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия, Алӣ Еерликая изҳор дошт, хабар медиҳад CNNturk.com.

Гуфта мешавад, ки террористон як мард ва як зан буданд, ки бо таксӣ ба даромадгоҳи ширкати ҳавофазои Туркия TUSAŞ омада, ронандаро куштанд. Баъдан ҳамлагарон аз мошин берун шуда, таркиш ба амал оварда, ба тирандозӣ сӯи мардум шурӯъ карданд.

Яке аз террористон, ки вориди утоқи амниятӣ шуд, худро бо норинҷак тарконид. Террористи дуюм бошад вориди бино гардид ва дар ҷараёни як тирандозии кӯтоҳ кушта шуд.

Алӣ Еерликая, вазири корҳои дохилии Туркия баъди ин ҳодиса ба хабарнигорон гуфт: "Баъди баррасии усули ҳамла ва таҳлили наворҳои видеоӣ, мо ба хулосае омадем, ки террористон метавонанд аъзои ПКК (Ҳизби коргари Курдистон) бошанд".

Дар ҳамин ҳол, давлати Туркия эълон кард, ки артиши он шаби чаҳоршанбе ба мавзеъҳои марбут ба гуруҳи тундрави Ҳизби коргари Курдистон дар Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст.

Вазорати дифои Туркия дар баёнияе гуфтааст, дар ин ҳамлаи ҷавобӣ дар маҷмуъ 32 ҳадафи мутааллиқ ба террористон бомуваффақият нобуд карда шуд.

Гуфтанист, Ҳизби коргари Курдистон, ки аз солҳои 1980 ба ин сӯ бо ҳукумати Туркия меҷангад, то ҳол масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Ин гуруҳ, ки Туркия, Амрико ва Британия онро “террористӣ” эътироф кардаанд, барои ҳуқуқҳои ақаллияти қобили таваҷҷуҳи курдҳои Туркия мубориза мебарад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед