Ru  | Tj
Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2022”-и Туркия соҳиби медали биринҷӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2022”-и Туркия соҳиби медали биринҷӣ шуд
Акс: Радиои "Тоҷикистон"

Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2022”-и Туркия соҳиби медали биринҷӣ шуд

Нашр шуд

Паҳлавони маъруфи Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” медали биринҷиро соҳиб шудааст.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Темур Раҳимов дар вазни аз100 килограмм боло мусобиқаро аз даври дуввум оғоз карда, Григорий Приорро аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаровро аз АМА шикаст додааст.

Зимнан, дар қувваозмоии тасаллобахш Раҳимов Ушангӣ Кокаурӣ (Озарбойҷон) ва дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм Ҷозеф Терҳекиро (Фаронса) мағлуб намудааст.

Мусобиқа мазкур рӯзҳои 1-3-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор гаиштааст.

Ғолибону ҷоизадорон ба ҷуз аз медал ҳамчунин, бо мукофоти пулӣ, аз ҷумла барои мақоми аввал 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои мақоми сеюм 1500 евро қадрдонӣ шудаанд.

Қобили қайд аст, ки ин 5-ум медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли 2021 дар Гранд Слами Боку медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Дабӣ медали биринҷӣ, соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, дар Чемпионати Осиё/Уқёнус соли 2019 сазовори медали нуқра ва соли 2021 сазовори медали биринҷӣ гардида буд.


Паҳлавонони Тоҷикистон бо медалҳо бармегарданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед