Ru  | Tj
Темуру Комроншоҳ поëн рафтанду Сомон боло. Радабандии нави IJF мунташир шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Темуру Комроншоҳ поëн рафтанду Сомон боло. Радабандии нави IJF мунташир шуд
Акс: Интернет

Темуру Комроншоҳ поëн рафтанду Сомон боло. Радабандии нави IJF мунташир шуд

Нашр шуд

Паҳлавонони маъруфи тоҷик дар радабандии нави Федератсияи  ҷудо мақомҳои шоистаро касб кардаанд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, ин ниҳод навтарин радабандии беҳтарин ҷудокорони ҷаҳонро мунташир кардааст, ки аз рӯи он, аз  ҷумла ширкаткунандагони Бозиҳои олимпӣ муайян карда мешаванд.

Баландтарин мавқеъро аз миëни варзишгарони тоҷик дар ин радабандӣ Темур Раҳимов соҳиб шудааст. Вай дар вазни + 100 кг бо 3884 имтиёз дар ҷои чорум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, дар ин феҳраст паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг 2410 хол дорад,  мақоми 13-умро ишғол намудааст.

 Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори шинохтаи тоҷик дар радабандии нав ба зинаи 14-ум  расида, ҳамчунин Ҷаҳонгир Маҷидов  ва Акмал Муродов мутаносибан мақомҳои 57 ва 59-умро касб кардаанд.

Бояд гуфт, ки дар радабандии қаблии Федератсияи байналмилалии ҷудо Темур Раҳимов дар вазни худ дар мақоми сеюм ва Комроншоҳу Сомон дар зинаҳои11-ум ва 15-ум буданд.

Дар радабандии нав танҳо Сомон Маҳмадбеков як зина боло рафтааст, Темуру Комроншоҳ поëн рафтаанду мавқеъҳои Ҷаҳонгир Маҷидов ва Акмал Муродов бетағйир боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, бештар натоиҷи мусобиқаи ҷудои "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" ва ё “Antalya Grand Slam 2022”, ки дар оғози моҳи апрел дар  Анталия бо иштироки 525 варзишгар аз 63 давлати дунё баргузор шуд, ба ин радабандӣ таъсиргузор будааст.

Дар ин мусобиқа аз варзишгарони тоҷик танҳо Темур Раҳимов ба муваффақият даст ëфтаву соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд.


Имсол дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед