Ru  | Tj
Терминали нави мусофирбарӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Терминали нави мусофирбарӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода
Акс: МД «Душанбенаклиётхадамотрасон»

Терминали нави мусофирбарӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода

Нашр шуд

Шурӯъ аз 23 ноябри соли ҷорӣ таваққуфгоҳи нақлиётии мусофирбар дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали нав воқеъ дар назди Боғи миллӣ кӯчонида шуд.

Тиқби иттилои Муассисаи давлатии «Душанбенаклиётхадамотрасон», ахиран мулоқоти масъулини шаҳдории Душанбе бо роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ва ронандагону мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав доир гардид.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар мулоқот Фирдасв Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиётӣ аз самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ҳудуди пойтахт воридшаванда назди Боғи миллӣ нуқтаи таваққуфии нақлиёти мусофирбар бо тамоми шароит сохта ва ба истифода дода шуд.

Бо назардошти ин аз мусофирону ронадагон даъват шуд, ки аз хидматрасонии таваққуфгоҳи нақлиётии мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода истифода намоянд.

Дар баробари ин ба роҳбарони сохторҳои марбута ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ супориш дода шудааст, ки воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали назди Боғи миллӣ мазкур интиқол диҳанд.

Ба гуфтаи масъулини шаҳрдории Душанбе, ин тасмим бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе рӯйи даст гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки чанде пеш шаҳрдории Душанбе вуруди таксиҳои самти Суғд ва Бохтарро низ ба пойтахт манъ кард. Тибқи ин тасмим, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди «Чорбоғ» бояд таваққуф карда, аз ин терминал мусофир гирифта, ба самти вилояти Суғд баргарданд.

Мусофирбарони самти Бохтар, ки пештар дар назди бозори «Саховат»-и Душанбе мусофир мегирифтанд, муваззаф шудаанд, то аз терминали «Дарвозаи ҷанубӣ» истифода кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед