Ru  | Tj
Тимҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҷойҳои 67 ва 78-умро касб намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тимҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҷойҳои 67 ва 78-умро касб намуданд
Акс: Sputnik

Тимҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҷойҳои 67 ва 78-умро касб намуданд

Нашр шуд

Тимҳои мунтахаби мардон ва бонувони Тоҷикистон дар 44-умин Олимпиадаи  ҷаҳонии шоҳмот мутаносибан ҷойҳои 67 ва 78-умро  ишғол намуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки 28-уми июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида буд, дирӯз ба анҷом расид ва дастаҳои мунтахаби мардон ва бонувони Тоҷикистон  бо 12 ва 11-холӣ ҷойҳои 67 ва 78-умро  ишғол намуданд.

Манбаъ меафзояд, дастаи мунтахаби мардони кишвар дар 11 бозӣ бар тимҳои Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия (4:0), Қазоқистон (2,5:1,5), Суринам (4:0), Ҳаитӣ (4:0), Эстония (2,5:1,5) пирӯз омада, сабқатро бо тимҳои Сингапур (2:2) ва Ирланд (2:2) мусовӣ анҷом дод  ва  аз мунтахабҳои Словакия (1,5:3,5), Белгия (1,5:2,5), Андора (1,5:3,5) ва Чилӣ (1,5:2,5) мағлуб гардид. 

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон бошад, бар тимҳои Арабистони Саудӣ (4:0), Барбадос (4:0), Суринам (4:0), Тайпейи Чин (4:0) ғолиб омада, бо Исландия (2:2), Нигерия (2:2), Боливия (2:2) мусовӣ бозӣ кард, вале аз тимҳои Ҳиндустон (0:4), Қирғизистон (0:4), Ирландия (0:4) ва Дания (1,5:2,5) шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, дар 44-умин Олимпиадаи  ҷаҳонии шоҳмот миёни дастаҳои мардон тими Узбекистон ҷои аввал, Арманистон мақоми дуюм ва Ҳиндустон зинаи сеюмро касб карданд. Миëни тимҳои бонувон Украина ғолиб, Гурҷистон дуюм ва Ҳиндустон сеюм гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ҳиндустон 800 варзишгар дар ҳайати 188 дастаи мардон ва 162 тими бонувон байни ҳам сабқат карданд. 

Душанбе мизбони нахустин Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед