Ru  | Tj
Тими футзали Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар Ҷоми Осиë шикаст хӯрд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тими футзали Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар Ҷоми Осиë шикаст хӯрд
Акс: Интернет

Тими футзали Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар Ҷоми Осиë шикаст хӯрд

Нашр шуд

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар дувумин бозии худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё  дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло”-и Кувайт аз дастаи  Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд.

Ба иттилои Федератсияи футбол, ягона тӯби мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ Файзалӣ Сардоров вориди дарвозаи ҳариф кардааст.
Тими футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "В"- и марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиë сабқат дорад ва дар бозии нахустинаш дастаи Баҳрайнро бо ҳисоби 4 бар 3 шикаст дода буд.

Акнун дар ин гурӯҳ пас аз ду давр Ӯзбекистон бо шаш имтиëз дар мақоми нахуст, Тоҷикистон бо се имтиëз дар мавқеи дувум ва Туркманистону Баҳрайн бо як имтиëзӣ мутаносибан зинаҳои сеюму чорумро касб кардаанд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиë  16 тими мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ байни ҳам сабқат мекунанд ва дастаҳое, ки имтиëзи бештар ба даст меоранд, ба марҳалаи плей-офф роҳ меëбанд.
Тамоми бозиҳои Ҷоми Осиë оид ба футзал дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло” аз 27-уми  сентябр то 10-уми октябр дар Кувайт баргузор мешаванд. Тоҷикистон дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳӣ бо тими Туркманистон вориди сабқат мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ соҳиби ҳашт медал шуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед