Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тими футзали занонаи Тоҷикистон озими Тошканд шуд
Нашр шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки мунтахаби футзали занонаи ин кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба шаҳри Тошканд рафт.
Ба навиштаи ин манбаъ, ба ҳайати дастаи футзали занонаи Тоҷикистон 14 нафар – 3 дарвозабон ва 11 бозигар шомил аст.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи футзали CAFA-2023 байни дастаҳои футзали занона аз 27 то 30-уми январ дар Тошканд дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» баргузор мешавад.
Тибқи ҷадвали мусобиқа, дастаи занонаи Тоҷикистон бозии якуми худро дар ин мусобиқа рӯзи 27-уми январ бо тими Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Дар даври дувум бошад рӯзи 28-уми январ дастаи футзали занонаи Тоҷикистон бо тими Эрон бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоӣ бошад, рӯзи 30-уми январ дастпарварони Мустафо Афшорӣ бо тими Қирғизистон нерӯозмоӣ хоҳанд кард.
Таъкид мешавад, ки мусобқиаи Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби занона аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳила баргузор шуда, тими ғолиб тибқи шумораи бештари холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Гуфтанист, аввалин мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA -2022 дар моҳи январи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар ин мусобиқа тими мунтахаби футзали занонаи Эрон пирӯз шуд. Мақоми дувумро мунтахаби Ӯзбекистон соҳиб шуда, ҷойи сеюм насиби тими Қирғизистон шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед