Ru  | Tj
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозӣ дар Минскро мусовӣ анҷом дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозӣ дар Минскро мусовӣ анҷом дод
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозӣ дар Минскро мусовӣ анҷом дод

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск бозиро бо ҳамсолони худ аз Русия мусовӣ анҷом дод. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта, дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозигар Раббонӣ Камолов гол зад.

Бояд гуфт, ки дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ рӯзи сешанбеи 7 феврал ҷавонони Тоҷикистон бо тими Беларус (U-16) бозӣ мекунанд. Ин бозӣ дар майдони футболи Минск баргузор шуда, соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзи аввали оғози мусобиқа тими мунтахаби ҷавонони Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 1:0 бар дастаи ҷавонони Русия (U-16) пирӯз шуд. Инчунин дастаи мунтахаби Беларус (U-16) бо ҳисоби 0:4 бозиро ба тими мунтахаби ҷавонони Эрон (U-17) бохт.

Дар баробари ин мунтахаби ҷавонони Беларус (U-17) дар бозӣ бо тими Ӯзбекистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд.

Гуфтанист, мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» аз 5 то 11 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Минск – пойтахти Беларус баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқа ҳашт даста: Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Эрон, Беларус (ҳама наврасони то 17-сола), инчунин дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Беларус ва Русия барои дарёфти Ҷом мубориза мебаранд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Русия (U-16) дар гурӯҳи аввал ва Русия, Тоҷикистон, Эрон ва Беларус (U-16) дар гурӯҳи дувум қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар «Ҷоми рушд-2023» дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2023 аст, ки имсол дар Тайланд баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед