Ru  | Tj
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Абу-Забӣ рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Абу-Забӣ рафт
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Абу-Забӣ рафт

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт рӯзи 22-юми март барои баргузории бозии дӯстона бо тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вориди Абу-Забӣ шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлавар шомиланд.

Ба навиштаи ин манбаъ, баъди расидан ба Абу-Забӣ футболбозони тоҷик дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Гранд Миллениум ал-Ваҳда» ҷойгир шуданд. Дастпарварони Петр Сегрт пас аз истироҳати кӯтоҳ шоми дирӯз машқу тамринро шурӯъ карданд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон шоми рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Забӣ доир мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед