Ru  | Tj
Тими наврасони Афғонистон қаҳрамони мусобиқаи CAFA-2024 шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тими наврасони Афғонистон қаҳрамони мусобиқаи CAFA-2024 шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тими наврасони Афғонистон қаҳрамони мусобиқаи CAFA-2024 шуд

Нашр шуд

Дар қаҳрамонии CAFA (U-17) тими наврасони Афғонистон барандаи ҷойи аввал, Узбекистон дуюм ва Тоҷикистон сеюм шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024 бар тими наврасони Узбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило сарфароз гардид.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии CAFA-2024 шаби шанбеи 24-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни тими наврасони Афғонистон ва Узбекистон баргузор шуд. Танҳо голи ин бозӣ ба дарвозаи наврасони Узбекистонро Аъзамуддин Ҳоҷизода ворид кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бошад дар бозӣ барои ҷойи сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими Эронро шикаст дод ва медалҳои биринҷии ин мусобиқаро ба даст овард. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ футболбозони дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Дар бозии барои ҷойи панҷум дастаҳои наврасони Қирғизистон ва Туркманистон рақобат карда, дар бозӣ наврасони туркман бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2024, ки дар Душанбе аз 17-ум то 24-уми август баргузор шуд, дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон иштирок карданд.

Қобили зикр аст, ки ширкат дар қаҳрамонии CAFA-2024 барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагӣ барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 маҳсуб мешуд.

Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «J» бо тимҳои Умон, Сингапур ва Гуам рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ аз 19 то 27 октябри соли ҷорӣ дар Сингапур барпо мегарданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед