Ru  | Tj
Тоқаев аз ширкати ҷангҷӯёни афғон дар ошӯбҳои Қазоқистон хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоқаев аз ширкати ҷангҷӯёни афғон дар ошӯбҳои Қазоқистон хабар дод
Акс: Интернет

Тоқаев аз ширкати ҷангҷӯёни афғон дар ошӯбҳои Қазоқистон хабар дод

Нашр шуд

Ин баёноти Тоқаев дар мулоқоти маҷозии ӯ бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ироа шудааст.

Тавре Хадамоти матбуоти роҳбарияти Қазоқистон хабар медиҳад, рӯзи 10-уми январ бо ташаббуси ҷониби Аврупо вохӯрии вертуалии  Қосим-Жомар Тоқаев бо Шарл Мишел ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба таъкиди манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистон зимни гуфтушунид Шарл Мишелро оид ба рӯйдодҳои рӯзҳои охири Қазоқистон, сабабҳои рух додани бенизомиҳо, чораҳои аз ҷониби давлат андешидашуда дар ҷараён гузошта, ба ӯ дар бораи террористоне, ки қасди вайрон кардани сохти конститутсионӣ ва ба амал овардани табаддулоти давлатӣ дар ин кишварро доштанд, маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.

"Бешӯбҳа метавонам бигӯям, ки ин ҳамлаи террористӣ буд. Амалиёти таҷовузкорона ба муқобили Қазоқистон бо иштироки ҷанговарони хориҷӣ, асосан аз мамлакатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Афғонистон сурат гирифт.  Ҷанговарони Шарқи Наздик низ дар ошӯб даст доштанд...", - арз доштааст раисҷумҳури Қазоқистон дар сӯҳбат бо президенти Шӯрои Аврупо.

Гуфта мешавад, Тоқаев ба ҳамсӯҳбати худ доир ба қувваҳои сулҳофари СААД тавзеҳот дода, ӯро мӯътақид сохтааст, ки нерӯҳои кишварҳои узви ин созмон дар амалиёти ҷангӣ иштирок намекунанд.

"Вазифаи асосии қувваи посдори сулҳи СААД  аз таъмини бехатарии иншооти стратегии Алма-Ато ва пойтахти Қазоқистон иборат аст",- иброз доштааст Тоқаев.

Зимнан, Сарвари  давлати Қазоқистон афзудааст, ки ҷалби қувваҳои сулҳофари СААД ба сохторҳои қудратии ин кишвар имкон додааст, ки ҷиҳати муқовимат бо террористон амалиёт анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тазоҳурот ва бетартибӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 2-юми январ дар пайи ба кӯчаҳо баромадани эътирозгарон, ки поин бурдани арзиши гази моъеро талаб доштанд, сурат гирифта буд.

Шоми 5-уми январ Тоқаев аз шарикони СПАД дархости кӯмак карда, рӯзи 6-уми январ нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон расида буданд. 



Вазорати дифои Қазоқистон аз ба эътидол омадани вазъ дар кишвар хабар дод



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед