Ru  | Tj
Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик барои дастгирӣ изҳори сипос намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик барои дастгирӣ изҳори сипос намуд
Акс: Fergana News

Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик барои дастгирӣ изҳори сипос намуд

Нашр шуд

Изҳори миннатдории худро раисҷумҳури Қазоқистон ба роҳбарияти Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи соли 2022 дар сӯҳбат бо телефон баён намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Қосим-Жомарт Тоқаев дар сӯҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон миннатдориашро инчунин, ба кулли мардуми Тоҷикистон баён доштааст.

Манбаъ меафзояд, ки сипосгузории Тоқаев ба тоҷикистониён дар пайи мусоидат намудани Тоҷикистон дар ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот дар Қазоқистон, инчунин дар қатори қувваҳои посдори сулҳи СПАД  интиқол ёфтани ҳайати маҳдуди низомиёни ҷумҳурии мо ба ин кишвар баён гардидааст.

Ҳамчунин, дар рафти сӯҳбат сарони ду кишвар вазъияти феълии Қазоқистонро ба баррасӣ кашидаанд.

Гуфта мешавад, ки Тоқаев ба ҳамтои худ дар бобати андешидани чораҳои амалӣ бо мақсади зери назорат гирифтани вазъият дар Қазоқистон, истиқрори сулҳу ормомӣ, инчунин дар бораи ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фалокатбор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар ин кишвар маълумоти пурра додааст.

Ёдовар мешавем, ки субот дар  Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 2-юми январ халалдор гардида, шоми 5-уми январ роҳбарияти ин кишвар ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ноустувори мамлакат аз шарикони СПАД дархости кӯмак намуда буданд.


Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон сӯҳбат карданд ва Эмомалӣ Раҳмон бар барқарории субот аз роҳи гуфтугӯ таъкид намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед