Ru  | Tj
"Тоҷи Сомон". "Тоҷикфилм" аз таъсиси нахустин ҷоизаи миллии синамоӣ хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Тоҷи Сомон". "Тоҷикфилм" аз таъсиси нахустин ҷоизаи миллии синамоӣ хабар дод
Акс: Интернет

"Тоҷи Сомон". "Тоҷикфилм" аз таъсиси нахустин ҷоизаи миллии синамоӣ хабар дод

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон барои аввалин бор ба филмофарони кишвар ҷоизаи миллӣ дар бахши синамоофарӣ эҳдо мегардад.

Ба иттилои Муассисаи давлати "Тоҷикфилм", ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба синамогарони кишвар ҷоизаи миллии "Тоҷи Сомон" тақдим намояд.

Гуфта мешавад, ин ҷоиза аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъсис ëфта, бори нахуст дар як маросими вижа рӯзи 1-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» ба беҳтарин созандагони филмҳои миллӣ дода мешавад.

Тоҷикфилм гуфтааст, ҷоизаи миллии синамоии "Тоҷи Сомон" ба офарандагони филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ тақдим мегардад ва ҳайати доварон дар як моҳи гузашта филмҳоеро, ки давоми солҳои 2019-2021 рӯйи навор омадаанд, ба  таҳлилу баррасӣ кашидаву баҳо гузоштаанд.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки ин ҷоизаҳо ҳамасола тақдим мегарданд ë як бор ва ë бо ягон шарти дигар. 

Ҳукумати Тоҷикистон барномари вижаи рушди синаморо ба тасвиб расонидааст. Вале то имрӯз бисëриҳо мегӯянд, ки сатҳи синамои миллӣ қаноатбахш нест.

Қаблан дар Тоҷикистон ҳар ду сол синамобазми байналмилалии "Дидор" баргузор мешуд.


Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ зиёд карда мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед