Ru  | Tj
Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар бораи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ филм меофаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар бораи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ филм меофаранд
Акс: Интернет

Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар бораи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ филм меофаранд

Нашр шуд

Дар назди Оҷонсии кинематографияи Ӯзбекистон ба манзури таҳияи филми таърихӣ-бадеӣ аз ҳаёти Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби филмбардорони ду кишвар гурӯҳи эҷодии муштарак ташкил шудааст.  

Бино бар маълумоти “Даракчи”, лоиҳаи мазкур зимни мулоқоти Директори генералии Оҷонсии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ва Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки минбаъд барои пешбурди ин лоиҳаи муштараки фарҳангӣ миёни филмофарони ду кишвар ба таври мунтазам музокирот ва конфронсҳои онлайнӣ баргузор мегарданд.

Фирдавс Абдухалилов дар ин дидор  ҳамчунин таъкид доштааст, ки  "барои таҳкими равобити фарҳангии ду кишвари  ҳамсоя мо аз гузарондани Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ менамоем”.



Даргузашти устоди ҳаҷви тоҷик. Убайдулло Раҷабов ҳам рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед