Ru  | Tj
Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ дар Душанбе дар Қасри миллат дидор намуданд.

Мувофиқ ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, дар ҷараёни дидор масъалаи идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва мураккаб гардидани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шудааст, ки вазъи Афғонистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронкунанда аст.

Президенти Тоҷикистон дар рафти мулоқот, илова намуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди Афғонистон иқдомҳои ҳукумату мардуми ин кишвари ҳамсояро пуштибонӣ мекунад.

Дар идомаи мулоқот, мавзӯи густариши робитаҳо дар самтҳои барои ҳар ду ҷониб муҳим дар соҳаи энергетика ва зерсохтор, ташкили долонҳои нави нақлиётӣ байни кишварҳо ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур дар маркази сӯҳбат қарор гирифтааст.

Дар охири дидор таъкид гардид, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводди мухаддир ҳар ду ҷониб чораҳои зарурӣ меандешанд. 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед