Ru  | Tj
Тоҷикистон ҳамкориро бо Русия дар соҳаи дорусозӣ густариш хоҳад дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳамкориро бо Русия дар соҳаи дорусозӣ густариш хоҳад дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ҳамкориро бо Русия дар соҳаи дорусозӣ густариш хоҳад дод

Нашр шуд

Раиси Иттиҳодияи дорусозони Тоҷикистон, Файзиддин Сайфуллозода гуфт, ки рушди истеҳсолот тибқи қарордод ва воридоти мустақим аз тавлидкунандагони Русия ба ҳамкориҳо такони тоза мебахшад.

Саноати дорусозии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои Русия таваҷҷуҳ дошта, ният дорад, ки тавассути воридоти мустақим ва роҳандозии истеҳсоли дору дар Тоҷикистон ҳамкориро густариш диҳад.

Дар ин бора намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин манбаъ, Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия бо раиси Иттиҳодияи дорусозони Тоҷикистон Файзиддин Сайфуллозода ва роҳбари ширкати «Сифат Фарма», Ҷамшед Ҳамидов мулоқот анҷом дод.
 «Корхонаҳои саноати дорусозии Тоҷикистон ба ҳамкории мустақим бо истеҳсолкунандагони Русия манфиатдор ҳастанд, мо аҳамияти кори ҳадафмандро барои нигоҳ доштани сифати маҳсулот дар бозори кишварамон мефаҳмем ва минбаъд низ барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд талош хоҳем кард”, - гуфт Сайфуллозода.
Ба иттилои намояндагии тиҷоратӣ, дар мулоқот таъкид шудааст, ки сарфи назар аз афзоиши гардиши мутақобила миёни Русия ва Тоҷикистон, “тарафҳо коҳиши раванди гардиши мол дар саноати дорусозиро зикр карданд”.

«Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, рушди истеҳсолот тибқи қарордод, воридоти мустақим аз истеҳсолкунандагони Русия ба Тоҷикистон инчунин ҳузури намояндагиҳои расмӣ дар бозори дорусозии ин кишвар ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав мебахшад», - омадааст дар хабар.

Коренков дар мулоқот таъкид кард, ки интиқоли маҳсулоти дорусозӣ аз Русия ба Тоҷикистон натанҳо як ҷанбаи иқтисодӣ, балки як ҷузъи муҳими дорои хусусияти иҷтимоӣ буда, Русия барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар ин замина ҳавасманд аст.

Дар дорухонаҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир доруҳои тавлиди Русия ба таври фаровон мавҷуд буда, дар бемористонҳо бошад ваксинаҳои русӣ низ истифода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ як ҳайати Тотористон ба Тоҷикистон сафар карда, дар бораи содироти дору аз Русия ба бозори Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд.

Дар баробари ин ширкати «Татхимфармрепарати» имкони ташкили истеҳсоли дору дар Точикистонро меомӯзад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед