Ru  | Tj
Тоҷикистон қасд дорад, иқтисодиёти сабзро рушд диҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон қасд дорад, иқтисодиёти сабзро рушд диҳад
Акс: e-cis.info

Тоҷикистон қасд дорад, иқтисодиёти сабзро рушд диҳад

Нашр шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар миёни ИДМ ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Тавре "Спутник" хабар медиҳад, Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисоди сабз дастовардҳои зиёд нишон дода ва нақша дорад, истеҳсоли мошинҳо ва автобусҳои электрикиро ба роҳ монад.

Гуфта мешавад, ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи мазкур тарҳи сармоягузорӣ таҳия гардида, барои татбиқи лоиҳа коршиносон ва мутахассисони байналмиллалӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин, Вазир таъкид кардааст, ки дар роҳи татбиқи барномаҳои иқтисоди сабз Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи энергетика, балки дар соҳаи кишоварзӣ низ захираҳои бой дорад.

"Нӯриҳои органикии Тоҷикистон метавонанд нӯриҳои кимиёвиро иваз кунанд, инчунин дар кишвари мо сохтани гармхонаҳои офтобӣ ва муҳофизати растаниҳо бо усулҳои биологӣ имконпазир аст" - афзудааст Завқизода.

Ёдрас мешавем, ташаккули иқтисоди сабз аз охири асри XX сарчашма гирифта буд, ки мақсади ягонаи он кам кардани таъсири манфии фаъолияти инсон ба муҳити зист дониста шудааст.


Завқизода аз Олмон хост, ки барои рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон кӯмак намояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед