Ru  | Tj
Тоҷикистон қасд дорад, ки сармояи хориҷиро зиёд кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон қасд дорад, ки сармояи хориҷиро зиёд кунад
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон қасд дорад, ки сармояи хориҷиро зиёд кунад

Нашр шуд

Мавзӯи мазкур дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ, ки ба масъалаҳои марбута машғул аст, матраҳ гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 24-уми феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Шараф Шерализода, муовини Вазири корҳои дохила нишасти 3-юми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ доир шудааст.

Таъкид мегардад, ки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар, ки дар хориҷа ҳузур доранд, ба таври вертуалӣ ба ҷаласа ҳамроҳ шудаанд.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласа диққати махсус ба масъалаи ташкили конфронсу форумҳои соҳибкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои авлавиятнок мувофиқ ба ҳадафҳои стратегии кишвар равона гардидааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни нишаст таъкид шудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст, абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ таҳким ёбанд, инчунин иштирокдорони ҷаласа ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ бо дигар кишварҳо густариш дода шаванд ва танзими парвозҳои ҳавоӣ ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии гурӯҳи корӣ оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ 1-уми октябри соли 2021 баргузор гардида буд.


Вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед