Ru  | Tj
Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ва сохтану навохтани рубобро ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ва сохтану навохтани рубобро ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод кард

Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ва сохтану навохтани рубобро ба феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод кард

Нашр шуд

Намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Асунсиони Парагвай дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО иштирок доранд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи иҷлосия Тоҷикистон номинаҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон» ва «Санъати сохту навохтани рубоб»-ро барои воридан кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод кард.

Бояд гуфт, ки иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО 2 декабр оғоз шуда, то 7 декабр идома меёбад. Дар ифтитоҳи иҷлосия раисҷумҳури Парагвай Сантяго Пеня ва мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле суханронӣ намуданд.

Моҳи декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дар Ботсвана пешниҳоди Тоҷикистон барои пазируфтани номинаи “Донишу таҷрибаи бофтани матоъҳои атласу адрас”, “Ҷашни Сада” (Тоҷикистон, Эрон) ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” (Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон) ҳамчун мероси фарҳангии башарият эътироф шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО инчунин мероси фарҳангии тоҷикон - “Чакан”, “Оши палов”, “Шашмақом”, “Рубоб”, “Наврӯз” ва “Фалак” низ ворид шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед