Ru  | Tj
Тоҷикистон аз Чин боз 3, 4 миллион воя ваксинаи “КоронаВак” мехарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз Чин боз 3, 4 миллион воя ваксинаи “КоронаВак” мехарад
Акс: Pravda.ru

Тоҷикистон аз Чин боз 3, 4 миллион воя ваксинаи “КоронаВак” мехарад

Нашр шуд

Тоҷикистон дар садади харидани 3 миллиону 400 ҳазор воя ваксинаи “КоронаВак” аз ширкати чинии «Sinovac” аст, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин масъала дар гуфтугӯи маҷозии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо намояндаи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” – и Чин рӯзи 13-уми июл баррасӣ шудааст.

Дар ин замина, ширкати чинӣ вобаста ба хариди ваксинаи «КоронаВак» дар доираи ҳамкории дуҷониба ба Тоҷикистон лоиҳаи созишнома пешниҳод хоҳад намуд.

Маблағи умумии ин миқдор ваксинаро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 26,8 миллион доллари амрикоӣ эълом намуда, гуфтааст, ки аз он 25 миллион доллар маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Қаблан Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи "КоронаВак"-ро ройгон тақдим намуда буд.

Ин дар ҳолест, ки шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави гирифторшавии сокинони мамлакат ба бемории коронавирус ва ду ҳолати марг ба қайд гирифта шуд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз аввали пандемия то 14-уми июл дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13958 нафар ба бемории COVID-19 мубтало шуда, 13600 шифо ёфтаанд.

Дар Душанбе ҳама ба зидди коронавирус ваксина мегиранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед