Ru  | Tj
Тоҷикистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони кӯчида ба Русия пешсаф аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони кӯчида ба Русия пешсаф аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони кӯчида ба Русия пешсаф аст

Нашр шуд

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно бузургтарин гурӯҳи муҳоҷиронанд, ки ба Русия кӯчидаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба маълумоти Хадамоти федеролии омори давлатии Русия (Росстат) хабар медиҳад.

Тибқи иттилои “Росстат”, муҳоҷирон аз Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Русия мераванд. Ба гуфтаи ин ниҳод, 31 дарсади муҳоҷироне, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, Тоҷикистонро кишвари аслии худ нишон додаанд. Баъдан сокинони Қирғизистон (10%) ва Украина (9%) қарор доранд.

Ин ниҳод ҳамчунин гузориш медиҳад, ки бештари вақт муҳоҷирони ҷинси мард (55%), қобили кор (76%) ва афроди дорои маълумоти миёна (39,4%) ба Русия мераванд. Маъмултарини синну соли муҳоҷирон барои ҳарду ҷинс аз 20 то 24-сола аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки 11%-и муҳоҷирони хориҷиро пиронсолон ва 13%-ро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Росстат зери унвони "Шумора ва муҳоҷирати аҳолии Федератсияи Русия”, дар соли 2023 шумораи муҳоҷироне, ки аз хориҷа ба Русия омадаанд, 560,4 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо як соли қабл 23% камтар аст.

Ин омор камтарин нишондиҳанда аз соли 2013 аст, ки 482 ҳазор муҳоҷири хориҷӣ вориди Русия шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 сафари муҳоҷирони корӣ аз ин кишвар ба Русия 15% коҳиш ёфт.

Аз сӯи дигар, чанд рӯз қабл Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кард, ки бо далели ташдиди назорати марзӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аз сафар ба Русия ва Беларус худдорӣ кунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед