Ru  | Tj
Тоҷикистон ба Қазоқистон наздики 500 млн метри мукааб об додааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба Қазоқистон наздики 500 млн метри мукааб об додааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ба Қазоқистон наздики 500 млн метри мукааб об додааст

Нашр шуд

Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ба Қазоқистон ҳудуди 500 миллион метри мукааб об интиқол додаст, ки дар қиёс бо як соли қабл 40 миллион метри мукааб бештар аст.

Дар ин бора Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хабар дод.

Аз 1 июни соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Қазоқистон тавассути канали байнидавлатии «Дӯстӣ» 488,6 миллион метри мукааб об фиристод, ки ин назар ба соли гузашта 40 миллион метри мукааб зиёд аст, афзуд ин ниҳод.

Ба гуфтаи Нурҷон Нуржигитов, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Қазоқистон шарики муҳим боқӣ мемонад.

"Аз ин рӯ, мо ба корҳои муштарак дар заминаи идоракунии захираҳои об ва ҳифзи онҳо диққати ҷиддӣ медиҳем", - гуфт Нуржигитов.

Хадамоти матбуотии Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хотиррасон кард, ки аз 1 апрел Узбекистон ба Қазоқистон беш аз 4 миллиард метри мукааб об фиристод.

Илова бар ин, дар ҷаласаи 33-юми Комиссияи идоракунии оби Шу-Талас дар бораи таъмини 180 миллион метри мукааб об тариқи дарёи Шу ва 380 миллион метри мукааб об аз дарёи Талас аз Қирғизистон ба Қазоқистон тавофуқ ҳосил шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед