Ru  | Tj
Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳудуди 200 сарбози сулҳофар мефиристад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳудуди 200 сарбози сулҳофар мефиристад
Акс: Sputnik

Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳудуди 200 сарбози сулҳофар мефиристад

Нашр шуд

Вазифаи асосии сарбозони сулҳофари кишварҳои аъзои СПАД дар Қазоқистон аз ҳифзи биноҳои давлатию иншоотҳои низомӣ ва кӯмак ба қувваҳои тартиботи ҳуқуқӣ иборат хоҳанд буд.

 Агентии иттилоотии "Новости", бидуни зикри манбаъ дар нерӯҳои амнияти Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон наздики 200 нафар низомиён мефиристад.

Ба таъкиди манбаъ, ҳамаи хизматчиёни ҳарбии дар ҳайати контингенти посдори сулҳи созмони мазкур буда, борҳо дар машқҳои зиддитеррористии СПАД  дар Тоҷикистон ва дар қаламрави дигар кишварҳои узв ширкат доштаанд.

Зимнан, рӯзи 6-уми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоси телефонӣ гирифта, ӯро аз вазъи ноустувори кишвар ба таври мукаммал дар ҷараён гузоштааст.

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои Тоқаевро дар роҳи ба эътидол овардани вазъ дар кишвари худ пешвоз гирифта, изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омода аст, тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии хеш дар василаҳои сулҳофарии СПАД иштирок намояд.

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд.

Рӯзи 5-уми январ Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар вилоятҳои Манғистау ва  Алма-Ато, ичунин дар шаҳрҳои Алма-Ато ва Нур-Султон то 19-уми январ  вазъи фавқулода  ҷорӣ кард.


Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони 3 кишвари узви СПАД сӯҳбати телефонӣ анҷом дод



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед