Ru  | Tj
Тоҷикистон ба маблағи беш аз 120 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба маблағи беш аз 120 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ба маблағи беш аз 120 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст

Нашр шуд

Даромади Тоҷикистон аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ наздики 26 дарсад зиёд шуд.

Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 124,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷӣ содир кард. Аз рӯи арзиши гумрукӣ маблағи маҳсулоти содиршуда 25,5 миллион доллар ё 25,8 дарсад нисбати соли гузашта бештар аст. Дар бо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар таркиби содироти кишоварзӣ, 23,5 ҳазор тонна ё 17,8 дарсад сабзавот (аз ҷумла пиёз 22 ҳазор тонна), меваҷот 10,3 ҳазор тонна ё 7,8%, меваи хушк 38,2 ҳазор тонна ё 29%, лӯбиёгиҳо 120,1 тонна, полизӣ 424 тонна, тухми мурғ 1,7 ҳазор тонна ва растаниҳои доругӣ 2,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба 18 кишвари ҷаҳон содир гардида, 74,2 дарсади он ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.

Ба гуфти масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҷиҳати афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ қарор аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе  5 маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед