Ru  | Tj
Тоҷикистон ба Покистон пешниҳод кард, ки корхонаҳои муштараки нассоҷиву дорусозӣ таъсис диҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба Покистон пешниҳод кард, ки корхонаҳои муштараки нассоҷиву дорусозӣ таъсис диҳанд
Акс: Интернет

Тоҷикистон ба Покистон пешниҳод кард, ки корхонаҳои муштараки нассоҷиву дорусозӣ таъсис диҳанд

Нашр шуд

Гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Покистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6,3 дарсад афзуда ба 18,9 миллион доллар баробар шудааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ин нукта дар мулоқоти Завқӣ Завқизода бо Сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар зикр гардид.

Вай ҳамчунин ба Сафири Покистон пешниҳод намуд, ки ду кишвар корхонаҳои муштараки тавлиди маҳсулоти нассоҷӣ ва доруӣ таъсис бидиҳанд ва аз имконоти транзитӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода баранд.

Вазири тоҷик гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар решаҳои амиқ дошта, ин ҳамкории стратегӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлатҳо сатҳи нав ба худ касб кардааст.

Завқизода дар зимн махсусан аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки дар ҷараёни он миёни Душанбеву Исломобод асноди нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ёдовар шуд.

Манбаъ мегӯяд, ки ҷониби Покистон ҳам ин пешниҳодҳоро хуб пазируфтааст.

Моҳи июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари расмӣ ба Покистон рафта буд, ки дар ҷараёни он миёни ду кишвар 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар аз ҷумла бо Ориф Алвӣ, Президенти Покистон дидору гуфтугӯ карда ба алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба густариши равобит бо Покистон таъкид намуда буд.



Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Бин дидор ва масъалаи густариши ҳамкориҳоро бо Чин баррасӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед