Ru  | Tj
Тоҷикистон ба Туркия 40 нафар наҷотдиҳанда мефиристад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба Туркия 40 нафар  наҷотдиҳанда мефиристад
Акс: Интернет

Тоҷикистон ба Туркия 40 нафар наҷотдиҳанда мефиристад

Нашр шуд

Тоҷикистон омода аст, ки имдодгарони худро барои кумак ба осебдидагон ба Туркия равон кунад.

Иброҳим Исмоилзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ин кишвар ба Туркия 40 нафар наҷотбахшонро мефиристад. Вай аз тавзеҳоти бештар дар ин маврид худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон имдодгарони худро ба Туркия фиристодаанд.

Қабл аз ин кумитаи мазкур иттилоъ дод, ки барои фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол Душанбе маъракаи ҷамъоварии кумак барои зарардидагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркия оғоз шудааст.

Ин иқдом бо ибтикори сафорати Туркия дар Душанбе роҳандозӣ шуда, хоҳишмандон метавонад ба осебдидагони заминларза дар Туркия маводи зарурӣ, аз ҷумла доруворӣ, хайма, курпа ва либоси гармро дар халтаҳои шаффоф ба сафорати Туркия дар Душанбе биёранд.

Гуфта мешавад, ки кумаки ҷамъшуда тавассути ҳавопаймои «Turkish Airlines» ройгон ба Туркия фиристода мешавад.

Тибқи охирин гузоришҳо, шумори ҷонбохтагони заминларза дар Туркия ба 3 381 нафар расида, беш аз 20 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Инчунин теъдоди қурбониёни заминларза дар Сурия зиёда аз 960 нафар гуфта мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед