Ru  | Tj
Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд роҳ меҷӯяд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд роҳ меҷӯяд
Акс: Вазорати таробарии Тоҷикистон

Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд роҳ меҷӯяд

Нашр шуд

Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаи баҳрагирӣ аз бандари «Чобаҳор» гуфтушунид карданд. Дар поёни нишаст миёни ду ҷониб тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар бахши ҳамлунақли ҷодаӣ имзо шуд.

Дар Теҳрон ахиран аввалин ҷаласаи Кумитаи муштараки ҳамлунақли байнулмилалии ҷодаӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа масъалаи дастрасии Тоҷикистон ба бандари «Чобаҳор» ва имконоти гузаргоҳии он аз сар баррасӣ шуд. Раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири таробарӣ (нақлиёт)-и ин кишвар бар дӯш дорад. Дар ин бора Вазорати таробарии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кишвари мизбон раҳбарии ҳайатро Дориюш Амонӣ, муовини вазири роҳҳо ва рушди шаҳрҳои Эрон бар уҳда дошта, дар ин ҷаласа  ҷонибҳо масъалаи дастрасии Тоҷикистон ба бандари баҳрии «Чобаҳор» ва ҳамкории транзитӣ миёни кишварҳоро баррасӣ карданд.

Аз сӯйи дигар хабаргузории расмии “ИРНА” хабар дод, ки дар поёни ин нишаст дар Теҳрон ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамлунақли ҷодаӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин муовини вазири таробарии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин сафар ба Эрон зимни сафар ба бандари “Чобаҳор” аз зарфиятҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии он боздид кард.

Шоиста Саидмуродзода таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои доштани як маркази омод (логистикӣ) дар бандари “Чобаҳор” барномарезӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи  ноябри соли 2023 дар Душанбе Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни ду кишвар дар заминаи ҳамлунақли байнулмилалӣ ва гузаргоҳӣ тавассути бандари «Чобаҳор» имзо шуда буд.

Барои амалисозии бандҳои ин тафоҳумнома ҷонибҳо Кумитаи муштаракро таъсис доданд, ки барои ҳамоҳангсозии иқдомот дар ин самт масъул аст.

Бояд гуфт, ки «Чобаҳор» бузургтарин  бандари баҳрии Эрон буда, дар устони Сиистону Балуҷистон дар соҳили Халиҷи Усмонӣ воқеъ аст. Аҳамияти роҳбурдии бандар дар он аст, ки он ба уқёнуси Ҳинд дастрасии мустақим дорад.

Аз сӯйи дигар аз тариқи уқёнуси Ҳинд тавассути ҷӯйи Суэтс баромадан ба калонтарин уқёнуси ҷаҳон – уқёнуси Атлантик низ имконпазир аст.  

Қобили зикр аст, ки дар айни замон дар Осиё кишварҳои Ҳинд, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Миянма, Малайзия, Уммон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Тайланд ва Арабистони Саудӣ ба Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед