Ru  | Tj
Тоҷикистон барои 25 кишвари дигар низоми бераводид ҷорӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон барои 25 кишвари дигар низоми бераводид ҷорӣ кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон барои 25 кишвари дигар низоми бераводид ҷорӣ кард

Нашр шуд

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми майи соли равон барои шаҳрвандони боз  25 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ҷорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ба феҳристи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид вориди Тоҷикистон шаванд,  Булғористон, Бразилия, Ватикан, Ирланд, Мексика, Муғулистон, Уммон ва дигар кишварҳо дохил гардиданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон феҳристи 25 кишвареро нашр кард, ки барои шаҳрвандони онҳо ба таври якҷониба низоми бидуни раводид барои то 30 рӯз ҷорӣ шудааст. Қарори дахлдори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми майи соли 2024 эътибор пайдо мекунад.

Тибқи рӯйхати кишварҳое, ки дар вебгоҳи ин ниҳод нашр шуд, ба он Булғористон, Бразилия, Ватикан, Ирланд, Мексика, Муғулистон, Уммон ва дигар кишварҳо дохиланд. Дар ин феҳрист шаҳрвандони Фаластин низ дохиланд, ки метавонанд бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ вориди Тоҷикистон шаванд.

Афзун бар ин, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон феҳристи 16 кишвар тасвиб шуд, ки шаҳрвандони аз 55-сола болои онҳо метавонанд аз низоми якҷонибаи бидуни раводид барои вуруд ба Тоҷикистон баҳра баранд. Шаҳрвандони ин кишварҳо имкон доранд, ки то ду ҳафта дар Тоҷикистон бидуни раводид будубош кунанд.

Ба ин рӯйхат шаҳрвандони Албания, Алҷазоир, Ветнам, Чин, Лубнон, Марокаш, Никарагуа ва дигар кишварҳо дохиланд. 

Ҳамзамон бар асоси ин қарор шаҳрвандони 14 кишвари дигар метавонанд барои сафар ба Тоҷикистон ба таври сода раводид дарёфт кунанд. Ба ин феҳрист Ироқ, Фаластин, Сурия ва чанд кишвари африқоӣ дохиланд.

Ҳамчунин дар ин замина таъкид мешавад, шаҳрвандони кишварҳои ба ин феҳрист дохилшуда, ки ба муддати беш аз 14 ё 30 рӯз бо мақсади кор, таҳсил, иқомати доимӣ ё дигар мақсадҳои ғайр аз сайёҳӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, бояд қаблан раводиди лозимаро дарёфт кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2022 Тоҷикистон барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ҷорӣ кард. Ба ин феҳрист ба кишварҳо Аржантин, Белжик, Олмон, Конодо, ИМА, Фаронса ва ғайра дохил шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед