Ru  | Tj
Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон аз СПАД кӯмак дархост кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон аз СПАД кӯмак дархост кард
Акс: Sputnik

Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон аз СПАД кӯмак дархост кард

Нашр шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон ба дастгирӣ ниёз дорад.

Бино ба иттилои “РБК”, Ҳасан Султонов, намояндаи домии кишварамон дар СПАД, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи шӯрои доимии ин созмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон ба дастгирӣ ниёз дорад.

“Аз кишварҳои узви созмон даъват ба амал меорем, ки барои амалишавии ҳамаҷонибаи созишномаи соли 2013 саҳмгузор бошанд”, - таъкид доштааст Ҳасан Султонов.

Қаблан Станислав Зас, Дабири кулли СПАД дар пайи ноором шудани вазъ дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба Душанбе омада бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда буд.  Ин созмон ҳамчунин гуфта буд, ки дар сурати дархост шудан, ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои заруриро, ки дар шартномаи паймони дастаҷамъӣ ва Оинномаи СПАД пешбинӣ шудаанд, ироа хоҳад кард.




Беш аз 2000 низомии ба Тоҷикистон паноҳбурдаи афғон ба Ватан баргардонда шуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед