Ru  | Tj
Тоҷикистон барои таъсиси маркази вирусология ва микробиология аз Русия кӯмак пурсид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон барои таъсиси маркази вирусология ва микробиология аз Русия кӯмак пурсид
Акс: ИнтерФакс

Тоҷикистон барои таъсиси маркази вирусология ва микробиология аз Русия кӯмак пурсид

Нашр шуд

Муовини Вазири тандурустии Тоҷикистон зимни як ҳамоиши маҷозӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, то дар рушд ва тавсеаи ҳамкорӣ дар масоили мубрами рушди системаҳои тандурустии кишвар мусоидат намояд. 

Ба иттилои ТААС, Ғафур Муҳсинзода ин матлабро рӯзи 10-уми ноябр дар конфронси маҷозии “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия” баён намуд. 

Гуфта мешавад, ин конфронс дар доираи омодагӣ ба ҳафтумин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия баргузор шудааст. 

Ин мақомдори тоҷик ҳамчунин зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, то барои таъсиси маркази вирусология ва микробиология дар Тоҷикистон кӯмаки техникӣ намояд. 

Муҳсинзода бо баёни ин матлаб афзуда, ки онҳо мехоҳанд, аз ҷумла, Русия дар омодасозии мутахассисони тоҷик дар марказҳои илмию клиникии ин кишвар, гузаштани давраҳои бозомӯзӣ ва таҳсил дар ординатура, асипрантура ва докторантура ба табибони тоҷик имкон фароҳам созад. 

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар ин марҳила ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва Роспотребнадзор дар самти ташхис ва пешгирии амрози сироятӣ идома дорад. 

Ин дар ҳолест, ки Хуршед Зиёӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон моҳи гузашта гуфта буд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебояд ҳарчи зудтар Маркази микробиология ва вирусология таъсис диҳад.


Қазоқистон ба Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон кӯмак мерасонад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед