Ru  | Tj
Тоҷикистон бидуни бемории коронавирус

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бидуни бемории коронавирус
Акс: virus24.org

Тоҷикистон бидуни бемории коронавирус

Нашр шуд

Ба ҳолати субҳи 13 январ дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифтории коронавирус ошкор нашудааст. Чунин ҳолатҳо пайи чанд рузи охир идома дорад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ аз 30 апрели соли 2020 13308 нафар сироят шуданд, 13215 нафар шифо ёфтанд ва 90 нафари дигар ҷонбохтанд.

Тавре вазорати тандурурустӣ хабар медиҳад, дар беморхонаҳо ягон нафар бо аломатҳои covid-19 қарор надоранд.

Омори коронавирус дар кишварҳои Русия ва Осиёи Марказӣ: 

Дар Федератсияи Русия 3448203 нафар гирифтор шуданд, 2825430 нафар шифошуда ва 62 804 нафар фавтиданд;
Дар Қазоқистон 164 477 бемор, 150 427 шифоёфта ва 2349 қурбонӣ; 
Қирғизистон 82587 бемор, 78358 шифоёфта ва 1375 қурбонӣ;
Ӯзбекистон  77663 бемор, 76134 шифоёфта ва 617 қурбонӣ:
Дар Туркманистон бошад ягон ҳолати сироятшавӣ ва маргумир расман ба қайд гирифта нашудааст.

Субҳи имрӯз бе ҳолати сироятшавӣ аз коронавирус


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед