Ru  | Tj
Тоҷикистон бо ҷалби "Татнефт" як корхонаи бузурги коркарди нафтро роҳандозӣ карданист

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо ҷалби "Татнефт" як корхонаи бузурги коркарди нафтро роҳандозӣ карданист
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон бо ҷалби "Татнефт" як корхонаи бузурги коркарди нафтро роҳандозӣ карданист

Нашр шуд

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи роҳандозии корхонаи коркарди нафт барои кишвараш муҳим аст.

Тоҷикистон интизор дорад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати "Татнефт"-и Тотористон яке аз бузургтарин корхонаҳои коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"-ро роҳандозӣ кунад.

Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фановариҳои нави Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Тотористон дар Душанбе хабар дод, навиштааст ТАСС.

«Яке аз муҳимтарин масъалаҳои рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар, ин беҳтар намудани иқтидори истеҳсолии мо, аз ҷумла истеҳсоли сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ мебошад, ки имрӯз мо дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба шумо нишон медиҳем. Чунин корхона вуҷуд дорад <...> Боварӣ дорам, ки бо ҳамкории мутақобила ва эҷоди механизмҳои нав барои ба кор андохтани ин корхона дар якҷоягӣ бо ширкати «Татнефт» мо метавонем дар ин масъала пешравиҳои бузург ба даст орем», - гуфт Шералӣ Кабир.

Вай дар ин замина таъкид кард, ки тарҳи мазкур барои Тоҷикистон муҳим аст.

Бояд гуфт, ки сохтмони корхонаи коркарди нафти Данғара дар вилояти Хатлон соли 2014 оғоз шуда, соли 2018 ба анҷом расид. Иқтидори пешбинишудаи корхона коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт дар як сол аст, аммо аз сабаби нарасидани ашёи хом роҳандозии он ба таъхир гузошта шуд. Дар Тоҷикистон нафт ба миқдори кам истеҳсол мешавад, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт нокифоя аст.

Дар ҳоли ҳозир бошад Тоҷикистон маҳсулоти нафтии мавриди ниёзи худро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид месозад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед