Ru  | Tj
Тоҷикистон бо АМА ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират ба роҳ мемонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо АМА ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират ба роҳ мемонад
Акс: Интернет

Тоҷикистон бо АМА ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират ба роҳ мемонад

Нашр шуд

Баҳодур Шарифӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) бо Абдурраҳмон Абдулманнон ал-Ур, Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии ин кишвар мулоқот намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳо байни Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА мубодилаи афкор намудаанд.

Зимнан, дар рафти сӯҳбат масъалаи татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва АМА дар самти қувваи корӣ аз 16-уми апрели соли 2018 ба баррасӣ кашида шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки бинобар паҳншавии штамми омикрон чанде пеш АМА қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дода буд.

Қарор шуда буд, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави АМА тоҷикистониён бояд шаҳодатномаи манфии ташхиси коронавирусро, ки дар давоми 48 соат қабл аз савор шудан ба ҳавопаймо гирифта шудааст, пешниҳод намоянд. Бар замми ин, мусофирон бояд дар фурӯдгоҳҳои Дубай ва Шарҷа аз санҷиши PCR гузаранд ва то  баромадани натиҷаи ташхис  хонанишинӣ кунанд.


Дар Дубай ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед