Ru  | Tj
Тоҷикистон бо Қатар дар самти мубориза бо маводи нашъадор асноди ҳамкорӣ имзо мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо Қатар дар самти мубориза бо маводи нашъадор асноди ҳамкорӣ имзо мекунад
Акс: Sputnik

Тоҷикистон бо Қатар дар самти мубориза бо маводи нашъадор асноди ҳамкорӣ имзо мекунад

Нашр шуд

Ҳабибулло Воҳидзода дар Вена бо Муҳаммад Ал-Хатер, роҳбари ҳайати Давлати Қатар  дар иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, роҳбари ин ниҳод Ҳабибулло Воҳизода дирӯз дар Вена бо Муҳаммад Ал-Хатер, роҳбари ҳайати Давлати Қатар  дар иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар мулоқот анҷом дод. 

Дар ин дидор тарафҳо масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар заминаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд. 

Воҳидзода ба намояндагони Қатар гуфт, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози кишвар омода аст, ки ба хотири таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ бо ниҳодҳои ваколатдори Қатар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.  

Бояд гуфт, ки Ҳабибулло Воҳидзода ба манзури ширкат дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар ба шаҳри Венаи Австрия рафта буд. 

Halva.tj қаблан иттилоъ дода буд, ки дар ҳошияи ин нишаст, ки дирӯз ба поён расид, Воҳидзода бо роҳбарони ҳайатҳои ИМА, Арабистони Саудӣ, Покистон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Волӣ дидорҳо анҷом дода, дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар баррасӣ карда буд.


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо раисони шаҳрҳои Эрон мулоқот кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед