Ru  | Tj
Тоҷикистон бо кишвари Гайяна равобити дипломатӣ барқарор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо кишвари Гайяна равобити дипломатӣ барқарор намуд
Акс: Интернет

Тоҷикистон бо кишвари Гайяна равобити дипломатӣ барқарор намуд

Нашр шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.

Гуфта мешавад, баëнияи муштарак дар мавриди барқарор намудани муносиботи дипломатиро дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк зимни як мулоқот вазирони хориҷии ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Хю Хилтон имзо кардаанд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо зимни ин дидор ҳамчунин, ба аҳамияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Гайяна таъкид намудаанд.

Бояд гуфт, ки Сироҷиддин Муҳриддин ба манзури ширкат дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Амрико қарор дорад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дода буд, ки шумораи кишварҳое, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ба 179 адад расидааст.

Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна кишварест дар шимолу шарқи Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир буда ва 214 970 км² масоҳату ҳудуди 800 ҳазор аҳолӣ дорад. Бо Венесуэла, Бразилия ва Суринам ҳамсарҳад мебошад.

Бонувони тоҷири арабро ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ҷалб менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед