Ru  | Tj
Тоҷикистон бо Корея равобити гумрикиро таҳким мебахшад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо Корея равобити гумрикиро таҳким мебахшад
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон бо Корея равобити гумрикиро таҳким мебахшад

Нашр шуд

Сафири тоҷик бо Роҳбари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Ҷае Ҳён рӯзи 21-уми май мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гумрукро баррасӣ карда, вусъат бахшидани корҳоро дар ин самт миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея зарур донистанд.

Байни Тоҷикистону Русия долони гумрукии соддашуда роҳандозӣ гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед